Пешниҳоди истиқрори неруҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи дар марзи Тоҷикистон
Вазири дифои Қирғизистон истиқрори як гуруҳ аз неруҳои СПАД таҳти раҳбарии Русия дар марзи Тоҷикистонро хостор шуд.
Ба сабаби даргириҳои марзии ахир миёни неруҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон 63 нафар кушта ва 198 захми шуданд 25 сентябри соли 2022 ду кишвар бар оташбаси осон намудани раванд ва таъини марзҳо тавофуқ карданд. Бештари кишварҳои истиқлол ёфтаи Осиёи Марказӣ аз Шуравӣ бо вуҷуди беш аз се даҳҳа аз истиқлол ҳамчунон бо якдигар ихтилофи марзӣ доранд, охирон боре, ки вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муташаниҷ шуд 14 то 16 сентябри гузашта буд.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Бактибек Бекболтов, вазири дифоъи Қирғизистон эълом кард: Пешниҳоди мо дар бораи истиқрори неруҳои СПАД дар марзи Тоҷикистон бо ҳадафи ҳифзи сулҳ дар минтақа аст.
Вай гуфт: Дар дидори ахир бо дабири кулли СПАД гуфтам ҳеҷ сулҳе байни Тоҷикистон ва Қирғизистон вуҷуд надорад чаро, ки ҳар яке сухани худро мезананд.
Вай гуфт: То замоне, ки як миёнҷи мисли як гуруҳ аз неруҳои СПАД байни мо вуҷуд надошта бошад сулҳе ҳосил намешавад.
Ин мақоми аршади дифоъи Қирғизистон афзуд сулҳбонҳо метавонанд оташбасро кантрол карда ва мутмаин шаванд, ки тарафҳо неруҳои изофа ва таҷҳизот дар марз мустақар намекунанд.
Вазири дифоъи Қирғизистон гуфт: Вақти ин мушкилот ҳал шуд метавон масоили сиёсиро ҳал кард, ки шомили идомаи таъини марзӣ мешавад.