Октябр 22, 2022 14:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳикматёр : Ҳимоят аз ҷангҷуён дар Афғонистон ба нафъи Тоҷикистон нест

Раҳбари ҳизби исломии Афғонистон зимни муттаҳам кардани Душанбе ба ҳимоят аз ҷангҷуён дар Афғонистон, ҳушдор дод ин раванд ба нафъи Тоҷикистон тамом нахоҳад шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,Гулбуддин Ҳикматёр-раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон бо « хасмона » хондани изҳороти ахири мақомоти тоҷикистонӣ дар бораи Афғонистон хитоб ба мақомоти ин кишвар гуфт иҷоза надиҳед кишваратон ба Украин ва Афғонистони дигар табдил шавад, ҳимоят аз гуруҳҳои ҷангҷӯ ба нафъи Шумо нест .
Вай тасреҳ кард ибрози нигаронии мақомоти тоҷикистонӣ дар бораи ҳузури гуруҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, иртиботи Толибон бо террористҳо ва афзоиши тавлиду қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар « таблиғоти хасмона »- Душанбе барои нигарон кардани ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст .
Ҳикматёри хитоб ба Тоҷикистон ҳушдор дод :

Шиорҳои ҷангӣ ва ҳимоят аз гуруҳҳои ҷангҷӯ ба нафъи Шумо нест ; агар ҷанге аз тариқи Тоҷикистон дар Афғонистон оғоз шавад, натиҷаи он интиқоли ноамнӣ ва ҷанг ба худи Тоҷикистон хоҳад буд .

Раиси ҷумҳӯр ва вазири дохилаи Тоҷикистон дар Конфаронси таъомулу эътимодсозӣ дар Осиё дар Остонаи Қазоқистон гуфта буданд давлати муваққати Толибон ба беш аз 3 ҳазор аъзои гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон гузарнома додааст, 13 ҳазор террорист дар шимоли Афғонистон ва дар марз бо кишварҳои Осиёи Марказиӣ мустақар шудаанд ва қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар низ афзоиши ду баробарӣ доштааст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп