Таҳлил: Ташкили ҳизби ҷадиди мухолифи Толибон
(last modified Wed, 26 Oct 2022 08:42:24 GMT )
Октябр 26, 2022 13:42 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Ташкили ҳизби ҷадиди мухолифи Толибон
    Таҳлил: Ташкили ҳизби ҷадиди мухолифи Толибон

Мухолифати давлати мувақати Толибон мавҷудияти ҳизби "Адолат ва озодии Афғонистон"-ро бо раҳбарии Сарвари Дониш эълом кард.

Ин ҳизб бо судури баёнияе бо мубориза бо Толибон ва эҷоди ҷумҳурии федерол дар Афғонистонро ду ҳадафи аслии худ унвон карда аст. Ин баёния бо интиқод аз амалкарди Толибон ва вазъияти Афғонистон таҳти ҳокимияти ин гуруҳ мардумро ба истодагӣ дар баробари Толибон даъват кард, чанди пеш низ ҳизби "Ҳаракати миллии сулҳу адолат" муташакил аз чеҳраҳои сиёсӣ ва мақомоти пешини Афғонистон мавҷудияти худро эълом кард гуруҳҳои мухолифи Толибонро метавон ба ду даста тақсим кард.

Гуруҳе ки таҳти унвони ҳизб эъломи мавҷудияти мекунанд дар талош барои фаъолияти сиёсӣ ва мухолифати бо Толибон аз равиши сиёсӣ ва мусолематомез истифода хоҳанд кард. Гуруҳи дувум мухолифинеро шомил мешавад, ки муътақиданд аз тариқи сиёсӣ наметавон Толибонро водор ба ақибнишини аз мавзеъаш кард ба ҳамин далел роҳи ҳалли низомӣ ва муқобилаи чирикиро бо ин гуруҳ баргузиданд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд аз ҷумлаи ин гуруҳҳо аст, ки билфосила пас аз ба қудрат расидани Толибон дар августи соли 2021 ташкил шуд ва ҳамакнун дар чандин вилояти Афғонистон ба муборизаи мусалаҳона бо Толибон машғул аст.

Илова бар ҷвин теъдоди аз шахсиятҳои афғон бо ҳадафи мухолифат бо Толибон шурои олии муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистонро эҷод карданд, ки ба назар мерасад сиёсати онҳо мусалаҳона аст.

Сайидҳусайни Ҳусайнӣ коршиноси афғон дар ин бора мегуяд: Толибон барои ин ки собит кунад қасди инҳисоргароӣ дар қадартро надорад бояд замина ва бистари лозимро барои фаъолиятҳои сиёсии гуруҳҳои мухталифи қавми, мазҳаби ва ҷараёнҳои сиёсӣ фароҳам кунад.

Дар ин ҳол чуночи Толибон ба дархостҳои ҷараёнҳои сиёсии мухталиф таваҷуҳ накунад ва иҷозаи ташкили давлати фарогирро надиҳад бедуни шубҳа гуруҳҳои мухталиф дар ҳар ду бахши сиёсӣ ва низомӣ афзоиш хоҳанд ёфт, зеро ба ҳар мизоне, ки аз ҳокимияти Толибон дар Афғонисотн мегузарад гуруҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсии мусолематҷу низ аз имкони ташкили давлати фарогир ноумед мешаванд ва талошҳои ҷамъиро барои муқобилаи мусалаҳона бо Толибон оғоз мекунанд.

Абдулатиф Назарӣ коршиноси масоили сиёст муътақид аст: Толибон чунончи бистари лозимро барои ҳузури ҳамаи гуруҳҳои сиёсӣ ва қавми дар ҳокимият фароҳам кунад натанҳо ваҳдати миллӣ ба шакли воқеъи муҳақақ мешавад балки ҳаракати ҷадиди барои бозсозии Афғонистон шакл хоҳад гирифт.

Дар ҳарҳол ташкили пай дар пай ҳизбҳои мухталиф  давлати мувақати Толибон занги хатари барои ин гуруҳ талақи мешавад зеро дар ду даҳҳаи гузашта фаъолиятҳои сиёсӣ ба гунаи таъсиргузор дар Афғонистон шакл гирифта буд ва акнун гуруҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ нигарони ояндаи сиёсии худ ҳастанд ва Толибон, ки муддаи талош барои тадвини қонуни асосии ҷадиди Афғонистон аст бедуни тардид низманди машварат ва эҷоди иттифоқи назар бо ҳамаи гурҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ қавмӣ ва мазҳабӣ аст, ки ҳузури ҳизбҳо метавонад бистари лозимро дар ин хусус фароҳам намояд.