Октябр 28, 2022 20:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори руасои маҷлиси Қирғизистон ва Узбакистон дар Самарқанд

Ба гузориши хабаргузории «Форс», дар чорчӯби нишасти руасои байнулмаҷолиси кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Самарқанди Узбакистон, Нурланбек Шакиев, раиси маҷлиси Қирғизистон ва Танзила Норбоева, ҳамтои ӯзбакистонияш дар мавриди мавзӯоти муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаву таомулоти байнипорлумонӣ гуфтугӯ карданд.

Шакиев, раиси маҷлиси Қирғизистон таъкид кард, ки тавсеаи равобити дӯстонаву ҳусни ҳамҷаворӣ бо Узбакистон яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Қирғизистон аст.

Вай бо ишора ба таҳаввулоти мусбат дар ҳамкории Қирғизистон ва Узбакистон гуфт, ба лутфи иртибототи наздику қобили эътимоди барқароршуда, гуфтугӯҳои мустақиму муназзам дар ҳамаи сутуҳ дар солҳои ахир раванди мусбати қобили таваҷҷуҳе дар тавсеаи равобити дуҷониба мушоҳида шудааст.

Танзила Норбоева, раиси маҷлиси Узбакистон низ дар ин дидор бар сатҳи болои ҳамкории Қирғизистону Узбакистон бар асоси арзишҳои фарҳангиву маънавии мушобеҳу усули дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва мушорикати роҳбурдӣ таъкид кард ва дар мавриди аввалин гомҳои бардошташуда барои иҷрои пружаи сохти роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбакистон суҳбат кард.

Нишасти руасои байнулмаҷолиси кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Самарқанди Узбакистон дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Барчасп