Октябр 30, 2022 17:54 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои низомии Узбекистон ва Қирғизистон

Раисони қисмҳои низомии Қирғизистону Узбекистон, асноди ҳамкории дуҷониба имзо карданд.

Ҳайате аз нерӯҳои мусаллаҳи Узбекистон ба сарпарастии сарлашкар Рустам Ҷӯраев, фармондиҳи Горди миллии ин кишвар ба Қирғизистон сафар кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, намояндаи олирутбаи Горди миллии Узбекистон дирӯз (шанбе) дар иқоматгоҳи давлатии раисиҷумҳури Қирғизистон бо ҳайати низомии ин кишвар асноди мутааддидеро дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши равобити низомӣ имзо карданд.

Дар ҳамин ҳол Нурланбек Шакиев ва Танзила Нарбаева, раисони маҷлиси Қирғизистону Узбекистон рӯзи ҷумъа дар дидор бо якдигар дар Самарқанд бар афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ таъкид карданд.