Октябр 31, 2022 10:30 Asia/Dushanbe
  • Машварати вазири дохилаи Толибон бо мақоми Созмони Миллал

Вазири дохилаи ҳукумати Толибон ва раиси дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Кобул дар бораи бозсозии манотиқи зилзилазадаи ҷанубу шарқи Афғонистон гуфтугӯ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Сироҷиддини Ҳаққонӣ-вазири дохилаи Толибон ва Роза Отунбоева- раиси дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон , Отунбоева гузорише аз фаъолиятҳои Созмони Миллал дар ростои сохти сарпаноҳ барои зилзилазадагони вилоятҳои Хусту Пактико ироа кард.
Сироҷиддини Ҳаққонӣ низ дар ин дидор зимни ташаккур аз Созмони Миллал ва кишварҳои кумаккунанда барои осебдидагон зилзилаи Хусту Пактико  бар таъмини амнияту масунияти корӣ ва ҳамкориҳои лозим бо ниҳод дар Афғонистон таъкид кард .

 

Барчасп