Таъкид бар аҳамияти мубориза бо фалаҷи атфол дар Афғонистон
(last modified Mon, 07 Nov 2022 05:48:47 GMT )
Ноябр 07, 2022 10:48 Asia/Dushanbe
  • Давлати Толибон мегӯяд: Ба 6 миллион кӯдак дар моҳи октябри имсол ваксинаи муқобила бо бемории фалаҷи атфол тазриқ шудааст
    Давлати Толибон мегӯяд: Ба 6 миллион кӯдак дар моҳи октябри имсол ваксинаи муқобила бо бемории фалаҷи атфол тазриқ шудааст

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ эълом кард, мубориза бо фалаҷи атфол дар Афғонистон ба маънии мубориза бо ин бемори дар тамоми ҷаҳон аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар Твиттераш навишт: Барои маҳви бемории фалаҷи атфол дар Афғонистон пешрафтҳое сурат гирифта аммо ин кишвар ҳанӯз ҳам дар ҷамъи ду кишваре аст, ки мавориди мусбати фалаҷи атфол дар он вуҷӯд дорад.

Вазорати Беҳдошти давлати Толибон мегӯяд: Ба 6 миллион кӯдак дар моҳи октябри имсол ваксинаи муқобила бо бемории фалаҷи атфол тазриқ шудааст ва ваксиниёсиюн идома хоҳад ёфт.

Садуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Миллал низ дар Афғонистон изҳор дошт мавориди мусбати фалаҷи атфол нисбат ба солҳои гузашта дар ин кишвар коҳиш ёфтааст аммо ба иқдомоти бештаре ниёз дорад.

Бештар бихонед: