Ноябр 13, 2022 11:51 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон ва Чин тафоҳумномаи ҳамкории гардишгари имзо карданд
    Узбакистон ва Чин тафоҳумномаи ҳамкории гардишгари имзо карданд

Ёдошти тафоҳумномаи ҳамкориҳои гардишгари байни Вазорати гардишгари ва мероси фарҳангии Узбакистон ва ширкати Trap.com Чин имзо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Азиз Абдулҳакимов муъовини нахуствазир, вазири гардишгари ва мероси фарҳангии Узбакистон дар шаҳри Тошканд бо Ҷимзо Лиёнг, мудири иҷроӣ ширкати Trap.com Чин дидор кард.

Бар асоси ин гузориш ҳадаф аз баргузории ин дидор афзоиши огоҳӣ Узбакистон дар Чин, тарвижи густардаи имконоти гардишгарӣ ва афзоиши теъдоди гардишгарони чинӣ ва ҳамчунин имзои тафоҳумнома байни ин ширкат ва Вазорати гардишгари ва мероси фарҳангӣ аст.

Лиёнг дар ин дидор бо дар назар гирифтани зарфиятҳои бузурги Узбакистон дар заминаи гардишгарӣ дар мавриди барномаҳои барои пешбурди зарфиятҳои гардишгарӣ дар саросари Ҷаҳон баргузории тақҳиқоти бозаргонӣ, эҷоди масирҳои ҷадиди гардишгарӣ барои гардишгарони чинӣ дар қолаби Trap.com эҷоди ширкатҳои робита, ки барои гардишгарони чинӣ Узбакистонро ба унвони беҳтарин масир муъаррифи мекунад изҳор дошт.

Дар поёни ин дидор бо аҳдофи тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳои Узбакистон ва Чин дар заминаи гардишгарӣ тавассути Вазорати гардишгарӣ ва мероси фарҳангии Узбакисон ва ширкати Trap.com Чин ёдошти тафоҳумнома ба имзо расид.

 

Барчасп