Ноябр 14, 2022 11:44 Asia/Dushanbe
  • Чин яке аз маъдуди иқтисодҳои ҷаҳон аст, ки ба муқарароти сахтгиронаи даврони Короно пойбанд будааст
    Чин яке аз маъдуди иқтисодҳои ҷаҳон аст, ки ба муқарароти сахтгиронаи даврони Короно пойбанд будааст

Мақомҳои Чин аз чандин муқарароти коронаии сафар муртабит бо мусофирони хориҷӣ сарфи назар карданд.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Euronews, мақомҳои Чин бархе аз муқарароти сафар бо парвоз, озмоиши Короно ва қарантинаро барои мусофирони хориҷӣ тағир доданд.

Чин яке аз маъдуди иқтисодҳои ҷаҳон аст, ки ба муқарароти сахтгиронаи даврони Короно пойбанд будааст, бо ин ҳол дар рӯзҳои ахир тағироте дар ин муқарарот аз сӯйи мақомҳои ин кишвар эълом шудааст. Мусофироне, ки вориди ин кишвари осиёӣ мешаванд акнун бояд фақат як натиҷаи манфии озмоиши Короно, ки 48 соат пеш аз сафар анҷом шудааст, ироа кунанд. Пештар мусофирон бояд ду озмоиши Короно анҷом медоданд.

Шароити ҷадиди шомили ҳоли хориҷиён ҳам мешавад ва аз ин пас мусофироне, ки вориди Чит мешаванд бояд ба ҷои 10 рӯз фақат ҳашт рӯзро дар қарантина сипари кунанд.

Дар ростои ин тағирот, яке аз муқарароти баҳсангези ин кишвар низ лағв шуд, бар асоси ин қонун дар сурати бемор будани шумори зиёде аз мусофирони хориҷӣ, ки вориди кишвар шудаанд, тамоми парвозҳои байналмиллалӣ ба Чит ба муддати як то ду ҳафта мамнуъ мешавад. Ин масъала ағлаб боис мешуд парвозҳо ба мақсади Чин дар лаҳзаи охар лағв шаванд ва мусофиронро бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ мекард, ки қарор аст дар эъмоли ин муқарарот таҷдиди назар шавад.

Бештар бихонед:

Барчасп