Ҳимояти Толибон аз тадриси уламо дар донишгоҳҳои Афғонистон
(last modified Mon, 21 Nov 2022 09:56:19 GMT )
Ноябр 21, 2022 14:56 Asia/Dushanbe
  • Озмӯни истихдомии уламо дар донишгоҳҳо оғоз шуда ва онҳо метавонанд дар канори дигар устодон дар донишгоҳҳо ифои нақш кунанд
    Озмӯни истихдомии уламо дар донишгоҳҳо оғоз шуда ва онҳо метавонанд дар канори дигар устодон дар донишгоҳҳо ифои нақш кунанд

Вазири омӯзиши олии ҳукумати Толибон аз ҳузӯри уламои динӣ ва тадриси онҳо дар донишгоҳҳои Афғонистон ҳимоят кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Мавлавӣ  Муҳаммаднадим вазири омӯзиши олии ҳукумати Толибон дар нишаст бо уламои шимоли Афғонистон дар вилояти Балх, бо таъкид бар ҳузӯри уламо дар донишгоҳҳо гуфт: Озмӯни истихдомии уламо дар донишгоҳҳо оғоз шуда ва онҳо метавонанд дар канори дигар устодон дар донишгоҳҳо ифои нақш кунанд.

Мавлавӣ  Муҳаммаднадим, афзӯд: Раҳбари низоми уламои динӣ мехоҳанд, ки барои пешрафти кишвар ба масъулон рорҳкорҳои муносиб ироа кунанд.

Ба гуфтаи вазири омӯзиши оли ҳукумат Толибон, он даста аз уламои диние, ки дарсҳои ҳавзавӣ ва донишгоҳиро ба итмом расондаанд ва мадорики таҳсилӣ доранд, метавонанд дар озмӯнҳои истихдоми ширкат кунанд ва он иддаи аз уламое, ки донишомӯхтаи улуми исломӣ ҳастанд ва мадраки донишгоҳи надоранд, бидуни сипари кардани имтиҳон муҷавизи тадрис хоҳанд гирифт.

Вазири омӯзиши  олии Толибон дар сафар ба вилояти Балх  илова бар ифтитоҳи хобгоҳи Балх, нишастҳое ҳам ба сурати чудогона бо донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои давлатӣ ва хусусӣ дошт.

Бештар бихонед: