Мануъияти истифода аз мубойли ҳушманд барои нерӯҳои Толибон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i94852-Мануъияти_истифода_аз_мубойли_ҳушманд_барои_нерӯҳои_Толибон
Устондори Қандаҳор дар ғарби Афғонистон аз мамнуъияти истифодаи гушиҳои ҳушманд аз сӯи нерӯи Толибон хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 30, 2022 12:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳоҷи Зайд Афзӯд: Барои масъулини Толибон, ғафлат дар вазифа ба ҳеҷ унвон қобили қабул нест
    Ҳоҷи Зайд Афзӯд: Барои масъулини Толибон, ғафлат дар вазифа ба ҳеҷ унвон қобили қабул нест

Устондори Қандаҳор дар ғарби Афғонистон аз мамнуъияти истифодаи гушиҳои ҳушманд аз сӯи нерӯи Толибон хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳоҷи Юсуфи Вафо устондори Ҳирот рӯзи сешанбе, гуфт: Пас аз баргузории нишасти амниятӣ дар Қандаҳор муқарар шуд барои таъмини амнияти бештари шаҳрвандон, истифодаи мубойлҳои ҳушманд барои нерӯҳои амниятии устон мамнуъ шавад.

Ҳоҷи зайд сухангӯи устондори Қанадаҳор ҳам   дар ин хусус, гуфт: Ин тасмимот барои таъмини бештари амнияти шаҳри ва соири манотиқи устон гирифта шуда то нерӯҳои амнияти, ки дар ҳоли анҷом вазифа ҳастанд, бештар мутаваҷеҳи вазифаи худ шаванд.

Ҳоҷи Зайд Афзӯд: Барои масъулини Толибон, ғафлат дар вазифа ба ҳеҷ унвон қобили қабул нест ва дар хусуси мавзуъи таъмини амният бояд ҳар нерӯи амниятӣ талош дошта бошад то ба беҳтарин шакли мумкин амнияти мардумро таъмин кунад.

Бештар бихонед: