Меҳмонхонаи нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон ба давлати ин кишвар вогузор шуд
(last modified Sat, 03 Dec 2022 12:29:23 GMT )
Декабр 03, 2022 17:29 Asia/Dushanbe
  • Меҳмонхонаи нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон ба давлати ин кишвар вогузор шуд

Меҳмонхона воқеъ дар шаҳри Анталияи Туркия ва мутааллиқ ба нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон ба давлати ин кишвар вогузор шуд.

Сандуқи Элбаси мутааллиқ ба Нурсултон Назарбоев, нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон, меҳмонхонаи "Rixos Beldibi"-ро ба моликияти давлатӣ вогузор кард.

Бар асоси гузориши расонаҳои Қазоқистон, ин таъсисот дар Қазоқистон бо номи меҳмонхонаи "Алатау" сабт шуда ва тибқи суратҳои молии ҳисобрасӣ шуда аз 31 декабри соли 2021, 23 дарсади саҳҳоми ин меҳмонхона мутааллиқ ба Кумитаи амволи давлатӣ ва хусусисозӣ ва 77 дарсади мобақӣ марбӯт ба ширкати тазминӣ бо масъулияти маҳдӯди «Идораи мудирияти амвол» мутаъаллиқ ба «сандуқи Элбаси», нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон будааст.

Дар феврали соли ҷорӣ, кумитаи амволи давлатӣ ва хусусисозӣ ҳуқуқи моликияту истифода аз бастаи саҳҳоми ин меҳмонхона ба дафтари раёсатҷумҳурии Қазоқистон мунтақил карду тақрибан ба сӯрати ҳамзамон дар 16 феврал, «Идораи мудирияти амвол» аз саҳҳомдорони ин меҳмонхона хориҷ шуд.

Қазоқистон беш аз 15 сол аст, ки соҳиби ин меҳмонхонаи 5 ситора аст, ки бо сармоягузории 11 миллиондолларӣ эҳдос шудааст.