Оғози ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосӣ дар Қирғизистон
(last modified Sun, 11 Dec 2016 07:50:46 GMT )
Декабр 11, 2016 12:50 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосӣ дар Қирғизистон

Ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон субҳи имрӯз (якшанбе) оғоз шуд.

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон эълом кард, пойгоҳҳои раъйдиҳӣ соати ҳашти субҳи имрӯз кори худро оғоз карданд. 

Ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон, ки Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури ин кишвар аз он ҳимоят мекунад, мавриди интиқоди аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф қарор гирифтааст.

Мухолифони Қирғизистон тарси он доранд, ки раисиҷумҳури кишваршон, ки иҷозаи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии  2017-ро надорад, бихоҳад бо истифода аз ислоҳи Қонуни асосӣ ба унвони нахуствазир ба арсаи сиёсӣ бозгардад ва ҳамчунон дар қудрат боқӣ бимонад.

Бо ин ҳол, раисиҷумҳури Қирғизистон таъкид кардааст, қасд надорад  дар поёни давраи раёсатҷумҳурии худ, нахуствазир шавад.

Отамбоев аз Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон аст, ки ин ҳизб дар интихоботи парлумонии соли гузашта пирӯз шуд.