Декабр 12, 2022 13:57 Asia/Dushanbe
  • Арзиши мубодилоти бозаргонии дукишвар дар соли 2021 ҳудуди 3 миллиарду 900 миллион доллар буд
    Арзиши мубодилоти бозаргонии дукишвар дар соли 2021 ҳудуди 3 миллиарду 900 миллион доллар буд

Мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Қизоқистон дар 6 моҳаи аввали соли 2022 мелодӣ 27. 13 дарсад афзоиш пайдо кардааст.

Ба гузориши Садои  Хуросон, утоқи миллии корофаринони Қазоқистон эълом кард: Муботилоти бозаргонӣ байни Узбакистон ва Қазоқистон дар шаш моҳаи аввали 2022 мелодӣ 27.13 дарсад афзоиш пайдо кардааст.

Бар асоси ин гузориш, тайи 5 солаи ахир рушди мутавозини мубодилоти бозаргони байни Узбакистон ва Қазоқистон мушоҳида мешавад. Аз ҷумла дар шаш моҳи аввали соли 2022 мелодӣ мубодилоти бозаргонии дукишвар дар сатҳи 2 миллиарлу 600 миллион доллар қарор гирифта, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2021 мелодӣ 27.13 дарсад бештар аст. Дар ин миён ҳаҷми содироти Қазоқистон 30.9 дарсад ва воридоти он 17.4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ин миён дар дараҷи аввал масоили таърифаҳои ҳамлу нақл, ба расмият шинохтан мутақобили гувоҳиномаҳо, нархи пахтаи хом, нах ва порча ва ҳамчунин масоили муҳоҷиратии нерӯи кор мавриди таваҷӯҳ қарор гирифтааст. Ин ва бисёре аз мавзӯъоти дигар дар дастури кори Шӯрои бозарогогии Қазоқистон ва Узбакистон қарор дорад.

Утоқи миллии корофаринони Қазоқистон ҳамчунин таъкид кард: Қазоқистон бо саҳми 8.9 дарсади дар мубодилоти бозаронӣ саввумин шарики тиҷории хориҷии Узбакистон пас аз Чин ва Русия аст.

Бар асоси гузориши утоқи тиҷорати хориҷӣ, бузургтарин ақломи содироти Қазоқистон ба Узбакистон нафт ва фаровардаҳои нафтӣ, гандум, орд, тухми офтобгардон, фелизоти сиёҳ ва рангӣ, маводи шимиёии ғари ургоник ва маҳсулоти ғизоӣ аст.

Арзиши мубодилоти бозаргонии дукишвар дар соли 2021 ҳудуди 3 миллиарду 900 миллион доллар буд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп