Дарёфи иқомати Қазоқистон бо сармоягузории 300 ҳазор доллар
(last modified Wed, 14 Dec 2022 06:56:17 GMT )
Декабр 14, 2022 11:56 Asia/Dushanbe
  • замони дархости судури раводид аз 5 ба 3 рӯзи кори  коҳиш пайдо кардааст
    замони дархости судури раводид аз 5 ба 3 рӯзи кори коҳиш пайдо кардааст

Қазоқистон қасд дорад барои шаҳрвандони хориҷие, ки 300 ҳазор доллар сармоягузори мекунанд, муҷавизи иқомат содир кунад.

Ба  гузориши Садои Хуросон, муовини нахуствазир ва вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон гуфт: Дар сурати сармоягузории 300 ҳазор долларии шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар барои онҳо муҷавизи иқомат содир мешавад.

Ин мақоми қазоқ матлаби фавқро зимни посӯх ба дархости  фраксиюни парлумонии "Оқжол" баён кард.

Вай гуфт: Дар марҳилаи кунунии лоиҳа бо ҳадафи фароҳам кардани имкон ахази раводиди 10 сола бо ҳаққи иқомат барои бозаргонони хориҷӣ, ки дар иқтисоди Қазоқистон беш аз 300 ҳазор доллар сармоягузори мекунанд, дар ҳоли таҳия аст.

Вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон тасреҳ кард: Дар дараҷаи аввал сармоягузори ва таъсиси корхонаҷот, роҳандозии тавлиди санъати маҳсулоти  бо арзиши афзудаи боло, фанновариҳои ҷадид ва ироаи хадамот, яъне сармоягузориҳое, ки даромадҳои молии изофа ба будҷа ба сурати молиёт ва эҷоди фурсатҳои шуғлиро ҳамроҳ доранд, мадди назар қарор дода мешавад.

Жомангорин бо таъкид бар талошҳои давлати Қазоқистон ҷиҳати беҳбудии фазои сармоягузорӣ, гуфт, ки ба манзури содасозии раванди ахази визои сармоягузори ва тавсиаи Қазоқистон ироа шуда ва замони дархости судури раводид аз 5 ба 3 рӯзи кори  коҳиш пайдо кардааст.

Таи нимаи аввали соли 2022 сармоягузории мустақими хориҷӣ дар иқтисоди Қазоқистон ба 14.5 миллиард доллар буд. 

Бештар бихонед: