Декабр 17, 2022 13:50 Asia/Dushanbe
  • Гулбуддин Ҳикматёр : Як тоҷикистонӣ масъӯли ҳамалоти ахир дар Кобул аст
    Гулбуддин Ҳикматёр : Як тоҷикистонӣ масъӯли ҳамалоти ахир дар Кобул аст

Як расонаи матраҳи Афғонистон ба нақл аз Гулбуддин Ҳикматёр-раҳбари Ҳизби исломии ин кишвар навиштааст, ки як тоҷикистонӣ масъӯли ҳамалоти ахир дар Кобул аст .

Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, аз хабаргузории ҷумҳӯри Афғонистон, Гулбуддин Ҳикматёр-раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон дар хутбаи намози ҷумъаи худ таъкид карда, ки раҳбарии амалиётҳои инфиҷорӣ аз Кобул ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мунтақил шудааст .
Ба гуфта вай ҳамалоти инфиҷорӣ дар масҷиди Ҳизби исломӣ, сафорати Покистон ва ҳамла ба маҳали иқомати чиниҳо дар Кобул аз сӯи як гуруҳ ба раҳбарии як тоҷикистонӣ анҷом шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Ҳикматёр пеш аз ин ҳамалоти интиҳориро шаҳодатталабона хонда ва аз анҷоми чунин ҳамалот ҳимоят карда буд .
Дар ҳафтаҳои ахир чанд рӯйдоди террористӣ дар Афғонистон рӯй додааст, ки ҳамла ба масҷид, мадраса, сафорати Покистон бархе аз онҳо аст .
Иддаои Ҳикматёр дар ҳоле сурат мегирад, ки пеш аз ин дар шаҳри Ҳирот террористҳои ДИИШ дастгир шудаанд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп