Декабр 18, 2022 12:55 Asia/Dushanbe
  • Толибон хостори афзоиши воридоти барқ аз Узбакистон
    Толибон хостори афзоиши воридоти барқ аз Узбакистон

Дар пайи камбуди шадиди барқ дар Кобул ва 11 вилояти Афғонистон муъовини сиёсии Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон афзоиши воридоти барқ аз Узбакистонро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар пайи коҳиши шадиди мизони воридоти барқ аз Узбакистон Шермуҳаммад Абосиустонкузи, муъовини сиёсии Вазорати хориҷаи Толибон дар гуфтугу бо Исматуллоҳ Эргашов, намояндаи вижа Узбакистон дар умури Афғонистон бар афзоиши содироти барқи Узбакистон ба Афғонисон таъкид кард.

Устонкези дар ин гуфтугуи телефони бо ишора ба мушкилоти шаҳрвандони Кобул ва бархе вилоятҳои Афғонистон ба далели коҳиши содироти барқи Узбакистон хостори афзоиши мизони содироти барқи Узбакистон ба ин кишвар шуд.

Муъовини сиёсии Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон аз Узбакистон хост мизони содироти барқи худ ба Афғонистонро ба сатҳи тавофуқи ду тараф афзоиш диҳад.

Намояндаи вижаи Узбакистон дар умури Афғонисон низ гуфт: Коҳиши содироти барқ ба Афғонистон ба далели камбуди барқ дар Узбакисон ва мушкилоти фанни ба далели сармои ҳаво сурат гирифт ва ин камбуд дар оянда рафъ хоҳад шуд.

Ин рузҳо мардум дар Кобул ва 11 вилояти Афғонистон ба далели коҳиши барқи Узбакистон дар шабонаруз камтар аз се соат барқ доранд.

 

Барчасп