Декабр 22, 2022 20:57 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз тангаҳои ҳазорсумии нав дар Узбекистон

Бонки марказии Узбекистон аз тангаҳои ҳазорсумии нави ин кишвар рӯнамоӣ мекунад .

Ба гузориши хабаргузории Форс, Узбекистон аз таърихи 26 декабр як тангаи нав бо арзиши ҳазор сум муаррифӣ мекунад . Барои аввалин бор дар таркиби ин сиккаҳо аз ду ранг истифода шуда ва ба мувозоти пули ҳазорсумии намӯнаи соли 2001 мебошад .

Бонки марказии Узбекистон эълом кард : Руи танга бинои Маркази тамаддуни исломиро нишон медиҳад, ки дар Тошканд дар ҳоли сохт аст .Дар қисмати поин низ тасвири исми танга « 1000 » ва зери адад калимаи « so‘m » бо ҳурӯфи чопии лотинӣ навишта шудааст .

Дар пушти танга ҳам нишони Узбекистон дар марказ ба тасвир кашида шуда ва рӯи даври он нишони катибае бо ҳурӯфи лотин " O'ZBEKISTON RESPUBLIKASI MARKAZIY BANKI "  вуҷуд дорад .
 

 

Барчасп