Декабр 29, 2022 10:33 Asia/Dushanbe
  • Нишасти марзии Узбакистону Қирғизистон
    Нишасти марзии Узбакистону Қирғизистон

Дидори давраии ҳайатҳои давлатии Узбакистону Қирғизистон бо мавзӯи ҳамоҳангии масоили созмониву ҳуқуқии аломатгузории марзҳои ду кишвар баргузор шуд.

Узбакистону Қирғизистон ҳазору 378 километр марзи муштарак доранд, ки ҳазору 170 километр ё 85 дарсади он аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофоти марзӣ аз ҷумлаи мавориди ихтилофи кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз истиқлол аз Шуравӣ аст.

Дидори давраии гуруҳҳои кории ҳайатҳои давлатии Узбакистону Қирғизистон бо мавзӯи ҳамоҳангии масоили созмониву ҳуқуқии аломатгузории марзҳои давлатии ду кишвар дар шаҳри Оши Қирғизистон баргузор шуд.

Тарафайн дар чорчӯби ин дидор пешнависи асноди ҳуқуқиву фаннӣ дар хусуси аломатгузории марзҳои давлатии Узбакистону Қирғизистонро таҳия карданд.

Ин дидор дар фазои дӯстонаву ҳусни тафоҳум сурат гирифтааст. Тарафайн дар поён протоколеро имзо карданд.

Дидори баъдӣ дар Узбакистон баргузор мешавад.

 

Барчасп