Декабр 30, 2022 20:13 Asia/Dushanbe
  • Мубодилаи тиҷорӣ байни Қазоқистону ҷумҳурии Озарбойҷон
    Мубодилаи тиҷорӣ байни Қазоқистону ҷумҳурии Озарбойҷон

Кумитаи давлатии гумруки ҷумҳурии Озарбойҷон аз афзоиши қобили тавваҷуҳи мубодилоти тиҷории ин кишвар ва Қазоқистон дар 10 моҳи соли ҷории мелодӣ хабар дод.

Мубодилаи тиҷорӣ байни Қазоқистону ҷумҳурии Озарбойҷон дар моҳҳои январ – ноябри соли 2022 дар қиёс ба замони мушобеҳи соли гузашта, ки 110.7 миллион долларро ташкил дода буд, 396. 6 дарсад афзоиш дошта ва 549. 8 миллион доллар баровард шудааст.

Мубодилаи тиҷорӣ байни ҷумҳурии Озарбойҷону Қазоқистон тайи ин давра 10. 28 дарсад аз ҳаҷми куллии тиҷорати хориҷии Боку бо тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ташкил додааст.

Бар асоси ин додаҳо, дар моҳҳои январ – ноябри имсол аз ҷумҳурии Озарбойҷон ба Қазоқистон ба маблағи 90 миллион доллар коло содир шуда, ки 152 дарсад бештар аз замони мушобеҳи соли гузаштаи мелодӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки воридоти маҳсулоти Қазоқистон ба ҷумҳурии Озарбойҷон 459. 3 миллион доллар будааст. Содироти маҳсулоту хадамоти Қазоқистон ба ҷумҳурии Озарбойҷон тайи ин давра дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузаштаи мелодӣ 74. 8 миллион долларро ташкил дода ва рушди 513 дарсадӣ доштааст.

Тарози гардиши тиҷорати хориҷӣ дар ин давра мусбат боқӣ мондаву нисбат ба соли қабл беш аз 14. 06 миллиард доллар ё беш аз 2 баробар шуд ва ба 23. 45 миллиард доллар (9. 38 миллиард доллар дар моҳҳои январ – ноябри соли 2021 мелодӣ буд) расидааст.

 

Барчасп