Декабр 31, 2022 17:44 Asia/Dushanbe
  • Қанат Мусин, вазири додгустарии Қазоқистон барканор шуд
    Қанат Мусин, вазири додгустарии Қазоқистон барканор шуд

Вазири додгустарии Қазоқистон барканор шуд.

Қосим Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон бо судури ҳукме Қанат Мусин, вазири додгустарии ин кишварро барканор кард.

Дастури раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар ин маврид дар вебсайти иттилоотии раёсати ҷумҳурии ин кишвар мунташир шудааст.

Дар ҳамин ҳол, порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи худ ба интисоби Мусин аз январи соли оянда ба унвони қозии додгоҳи қонуни асосии ин кишвар раъйи мувофиқ дод.

Бинобари суханони Эрлан Кошонов, раиси порлумони Қазоқистон мутобиқ бо банди 1 моддаи 57 қонуни асосӣ ҳар яке аз маҷолис 3 қозии додгоҳи қонуни асосиро мансуб мекунанд.

Мусини 56 сола дар январи соли ҷории мелодӣ ба унвони вазири додгустарии Қазоқистон таъйин шуда буд.

Пеш аз ин вай як муддате раёсати ҳайати қазоии парвандаҳои идории девони олиро бар ӯҳда дошта ва ҳамчунин ба унвони намояндаи маҷлиси порлумони ин кишвар кору фаъолият кардааст.

 

Барчасп