Гуфтугуи телефонии мақомоти аршади Узбакистон ва Туркманистон
Раиси Ҷумҳурии Узбакистон ва раиси маҷлиси Туркманистон дар гуфтугуи телефонӣ бо якдигар бар густариши беш аз пеши равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иқтисодӣ таъкид карданд.
Мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Туркманисон дар соли 2021 дар сатҳи 881 миллиону 900 ҳазор доллар қарор гирифт, ки нисбат ба соли 2020, 61 дарсад афзоиш ёфта аст.
Ҳамакнун дар Узбакистон 160 ширкат бо сармояи сармоягузорони таркманӣ дар заминаҳои мухталиф фаъолият мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакистон ва Қурбоқули Бердимуҳаммадов, раиси маҷлиси Туркманистон дар гуфтугуи телефонӣ масоили руз таъмиқи беш аз пеши равобити дусти, эътимод, ҳусни ҳамҷавори ва широкати роҳбурдии ду кишварро барраси карданд.
Дар ин гуфтугуи телефони барои иҷрои амалии тавофуқот дар сатҳи олии бадаст омада дар чорчуби сафари расмии раиси Ҷумҳурии Туркманситон ба Узбакистон дар таърихи 14 то 15 июл ва сафари расмии раиси Ҷумҳурии Узбакистон ба Туркманистон дар таърихи 20 ва 21 октябри соли ҷорӣ таъкид карданд.