Судури ҳукми ҳабс ва шалоқ алайҳи теъдоде аз ҷавонони Афғонистон
Январ 11, 2023 12:22 Asia/Dushanbe
Толибон барои ҳафт зану марди ҷавон ҳукми ҳабс ва шалоқ содир кард.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргуузории Шафақна, ҳафт нафар зану марди ҷавон тавассути Толибон дар вилояти Дайканди ба зиндон ва заработи шалоқ маҳкум шуданд.
Ин афрод ба иттиҳоми хушгузарони боздошт шуда буданд.
Ба гуфтаи манобеъи додгоҳ, додгоҳи Толибон дастгиршудагоне, ки се писар ва чаҳор духтар ҳастандро ба таҳамули 10 рӯз то як сол ҳабс ва 15 то 39 зарба шалоқ маҳкум кардааст.
Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон дар дидор бо қазовати таҳти амри ин гурӯҳ, бар зарӯрати иҷроии маҳдуд ва қасоса таъкид карда буд.
Барчасп