Афзоиши 34 дарсадии тиҷорати хориҷии Қазоқистон дар соли 2022
Вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон гуфт, тиҷорати хориҷии ин кишвар дар 10 моҳи соли гузаштаи милодӣ бо афзоиши 34.1 дарсадӣ ба 110. 6 миллиарддоллар расид.
Серик Жумангарин, вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон дар нишасти ин вазоратхона аз афзоиши қобили таваҷҷӯҳи тиҷорати хориҷии кишвараш, хабар дод.
Бинобар суханони вай, дар 10 моҳи соли 2022 тиҷорати хориҷии Қазоқистон нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 34.1 дарсад афзоиш ва 110.6 миллиарддолларро ташкил дод.
Ба гуфтаи Жумангарин, мубодилаи тиҷорӣ дар чорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё 23 миллиард доллар баровард шуда, ки 7.5 дарсад бештар аз замони мушобеҳи соли 2021аст.
Вай афзуд, илова бар ин , имкони адами тахсиси маблағи аворизи гумрукии воридот низ тасвиб шуда, ки ба лутфи он, пешбинии сарфаҷӯии беш аз 100 миллиондолларро ташкил дод.
Ин вазири қазоқ изофа кард, дар тӯли сол 6 монеъ бо кишварҳои ҳамкор бартараф шуд ва пешбинии рушди содироти 500 миллиондоллар баровард шудааст.