Бозгушоии шоҳроҳи Соланг дар шимоли Афғонистон
(last modified Sat, 14 Jan 2023 16:24:37 GMT )
Январ 14, 2023 21:24 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии шоҳроҳи Соланг дар шимоли Афғонистон

Шоҳроҳи иртиботии Соланг, муҳимтарин масири иртиботии шимол бо ҷануби Афғонистон пас аз чанд рӯз бори дигр ба рӯи худравҳо боз шуд.

Ин гузаргоҳи муҳимми иртиботӣ аз чанд рӯзи пеш ба далели бориши барфи шадид ба рӯи худравҳо баста шуда буд. Бо баста шудани ин масир қимати сӯхт ва колоҳои асосӣ дар бархе вилояти кишвар раванди афзоишӣ пайдо карда буд.

Масъулон гуфтанд, шоҳроҳи Соланг ба рӯи мошинҳо боз шуда ва ронандагон метавонанд бо риояти қавонини ронандагӣ дар ин масир рафту омад кунанд. Дамо дар масири Соланг ҳамакнӯн ба 32 дараҷа зери сифр коҳиш ёфтааст.

Зимистонҳои сард ба ҳамроҳи резиши сангини барф ҳамасола ҷони даҳҳо нафарро дар Афғонистон мегирад ва ин кишвар яке аз осебпазиртарин кишварҳои ҷаҳон дар баробари ҳаводиси табиӣ аст.

Тунели бузургроҳи Соланг моҳ қабл ҳам саҳнаи оташсӯзии мошини дорои маводи сӯхт ва худравҳои убурӣ буд, ки бар асари он ҳудӯди 31 нафар ҷон бохтанд ва 37 нафари дигар масдум шуданд.