Таъкиди Узбакистон ва Туркманистон бар рушди ҳамкориҳо ва густариши равобит
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i96828
Сарпарасти Вазораи корҳои хориҷаи Узбакистон ва сафири Туркманистон дар Тошканд дар дидори таъмиқи беш аз пеши равобити дусти ҳусни ҳамҷавори ва широкати роҳдурбии ду кишварро барраси карданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Январ 15, 2023 09:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Узбакистон ва Туркманистон бар рушди ҳамкориҳо ва густариши равобит
    Таъкиди Узбакистон ва Туркманистон бар рушди ҳамкориҳо ва густариши равобит

Сарпарасти Вазораи корҳои хориҷаи Узбакистон ва сафири Туркманистон дар Тошканд дар дидори таъмиқи беш аз пеши равобити дусти ҳусни ҳамҷавори ва широкати роҳдурбии ду кишварро барраси карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баътиёр Саъидов сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон ва Ёзгели Муҳаммадов, сафири Туркманистон дар ин кишвар дар дидори дар шаҳри Тошканд барои иҷрои ҳамаҷонибаи тавофуқоти бадастомада дар чорчуби сафарҳо дар сатҳи оли таваҷуҳи хос доштанд.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди маросимҳои барномарезишуда дар чорчуби ҷашни сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотик байни ду кишвар табодули назар карда ва илова бар ин пешниҳодоти муъаян барои афзоиши шохисаҳои мубодилотии бозаргонӣ, тасриъи иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаи тиҷорат ва саноат мавриди барраси қарор гирифт.

Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон ва сафири Туркманистон дар ин кишвар дар поён бар омодагии худ барои ташдиди равобити фарҳангӣ низ таъкид карданд.

Дар Узбакистон 160 ширкат бо сармоягузорони туркманӣ дар заминаҳои мухталиф фаъолият мекунанд.