Январ 18, 2023 11:45 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон ва Қирғизистон рекордори рушди таварум дар Авру-Осиё
    Қазоқистон ва Қирғизистон рекордори рушди таварум дар Авру-Осиё

Қазоқистон ва Қирғизистон дар садри рушди нархи таварум дар миёни кишварҳои Авру-Осиё қарор гирифтанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, хадамоти омори Қирғизистон эълом кард дар декабри 2022 нисбат ба моҳи қабл, афзоиши  қимат барои масраф кунанда ва таърифаҳо дар  тамоми кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиё мушоҳшида шудааст.

Бар асоси гузориши Кумитаи миллии омор, дар январ то декабри 2022, дар муқоиса бо декабри 2021, болотарин нархи таварум дар бахши масраф кунандаи иқтисод 20.3 дарсад дар Қазоқистон сабт шудааст, ки шомили афзоиши қимати маводи ғизоӣ бо 25.3 дарсад маҳсулоти ғайри ғизоӣ 19.4 дарсад  ва хадамот 14.1 дарсад мешавад.

Дар рутбаи баъди Қирғизистон қарор дорад, ки нархи таварум дар бахши масраф кунандаи иқтисод  ба 14.7 дарсад расидааст.

Барчасп