Январ 18, 2023 20:36 Asia/Dushanbe
  • Сардиҳои Бадахшони Афғонистон ҷони кудакҳоро гирифт
    Сардиҳои Бадахшони Афғонистон ҷони кудакҳоро гирифт

Сармои шадид ҷони шаш кӯдакро дар вилояти Бадахшон, шимоли Афғонистон гирифт.

Манотиқи мухталифи Афғонистон аз панҷшанбеи гузашта рӯзҳои ба шиддат сардеро таҷриба мекунад, ки дар муқоиса бо солҳои гузашта камсобиқа будааст. Дараҷаи ҳаво дар бархе манотиқи Афғонистон дар рӯзҳои ахир ба 30 дараҷаи зери сифр расидааст. Бар асари сармои зиёд дар рӯзҳои ахир даҳҳо тан аз шаҳрвандони Афғонистон кушта шудаанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо аз Кобул, Муизиддин Аҳмадӣ, сухангӯи волии Толибон дар Бадахшон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, панҷ кӯдак бар асари сармои шадид дар рӯзҳои ахир дар шаҳристони Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшон ва як кӯдаки дигар дар ноҳияи ҳафтуми шаҳри Файзобод, маркази ин вилоят ҷони худро аз даст доданд.

Вилояти Бадахшон аз ҷумлаи манотиқи сардсери Афғонистон аст, ки масирҳои иртиботии ин устон ҳудуди панҷ моҳ дар сол ба далели резиши барфи сангин масдуд мешавад.

Пеш аз ин низ ҳукумати Толибон шумори талафоти ношӣ аз сармо дар камтар аз як ҳафтаи ахирро бистушаш нафар эълом карда буд.

 

Барчасп