Январ 18, 2023 21:31 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон ва Узбакистон
    Қазоқистон ва Узбакистон

Намояндагони порлумони Қазоқистон лоиҳаи муоҳидаи интиқоли маҳкумон байни ин кишвар ва Узбакистонро ба тасвиб расонданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, бар асоси муқаррароти ин қонун, шаҳрвандони Қазоқистон, ки дар Узбакистон маҳкум ба зиндон шудаанд, дар сурати ибрози тамоюл метавонанд давраи муҷозотро дар кишвари худ бигузаронанд.

Асет Чиндалиев, муовини додситони кулли Қазоқистон дар ин замина гуфт, музокирот барои имзои ин лоиҳа чандин сол буд, ки идома дошт ва қабл аз бастани он фароянди муҳоҷиратӣ, аъмоли ғайриқонунии шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар ва таъсир бар вазъияти ҷурму ҷиноят мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Асет Чиндалиев хотирнишон кард, Додситонии кулли Қазоқистон дар миёни 225 атбои узбакистонӣ, ки дар Қазоқистон даврони маҳкумияти худро мегузаронанд, назарсанҷӣ анҷом дод ва ҳамаи онҳо тамоюл барои гузарондани даврони маҳкумият дар кишвари худашон иброз карданд.

Чиндалиев ҳамчунин ибрози итминон кард, 20 шаҳрванди Қазоқистон, ки даврони маҳкумияти худро дар Узбакистон мегузаронанд низ бо бозгашт ба кишвари худ барои адои давраи мобақии муҷозот мухолифат нахоҳанд кард.

 

Барчасп