Январ 21, 2023 20:11 Asia/Dushanbe
  • Имзои нақшаи роҳи ҳамкории байни Қазоқистон ва «Газпром»-и Русия

Маркази матбуотии нахуствазири Қазоқистон аз имзои нақшаи роҳи ҳамкории байни ин кишвар ва раёсати ширкати «Газпром»-и Русия хабар дод.

Роман Скляр, муовини аввали нахуствазири Қазоқистон дар сафаре ба Санкт Петербуги Русия бо Алексей Миллер, раиси ҳайати мудираи ширкати «Газпром» дидор ва гуфтугу кард.

Дар ин дидор ҳамчунин Ермек Кошербаев, сафири Қазоқистон дар Русия, Болат Акчулаков, вазири энержии ин кишвар ва ҳамчунин раиси ширкати «Қазоқгаз» ширкат карданд.

Дар ин мулоқот дар мавриди чашмандози густариши бештари равобити мутақобили судманд байни ду кишвар табодули назар сурат гирифт ва бар ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи газ таваҷҷуҳи вижа зоҳир шуд.

Дар натиҷаи ин музокирот, нақшаи роҳе имзо шуд, ки заминаҳои аслии таъомул байни тарафайн, бавижа дар мавриди фароварии гази Қазоқистон дар корхонаи фароварии гази Оренбург, имкони воридоти газ аз Русия ба Қазоқистон ва ҳамчунин пружаҳои авлавиятдори ҳамкорӣ байни ду тарафро таъйин мекунад.

 

Барчасп