Аломатгузории марзҳо, меҳвари нишасти давраи мақомоти узбек ва туркман
(last modified Wed, 25 Jan 2023 06:38:09 GMT )
Январ 25, 2023 11:38 Asia/Dushanbe
  • Узбекистон бо Туркманистон ҳазору 621 киламетр марзи муштарак дорад
    Узбекистон бо Туркманистон ҳазору 621 киламетр марзи муштарак дорад

Нишасти давраии гурӯҳи кории камисиюни муштарки аломатгузории марзҳои муштараки Узбекистон ва Туркманистон дар шаҳри Бухоро баргузор шуд.

Узбекистон бо Туркманистон ҳазору 621 киламетр марзи муштарак дорад.

Нишасти давраи қаблии гурӯҳи кори камисиюни муштараки аломатгузории марзҳои муштараки Узбекистон ва Туркманистон рӯзҳои 21 то 27-уми декабри соли 2019 мелодӣ дар шаҳри Карши устони Қашқадарё баргузор шуда буд.

Ба гузориши Садои  Хуросон, дар чорчӯби нишасти давраии  гурӯҳи кории камисиюни муштараки алдоматгузории марзҳои муштараки Узбекистон ва Туркманистон, тарафайн масоили тамдидоти нишасти муштараки камисиюни давлатӣ дар мавриди таъин ва аломатгузори марзҳои давлатии дукишварро барррасӣ карданд.

Тибқи ин гузориш, аз ҷумла ин тамҳидот,пешнависҳои асноти ҳуқуқи ва фаннии аломатгузории марзҳои байни давлати танзим ва ҳамоҳанг шуд.

Ҳамчунин дар ин нишасти барномаи дидорҳои гурӯҳи кори  барои соли 2023 мелодӣ низ ҳамоҳанг ва дар поён, пратаколи имзо шуд.