Чароғи сабзи Толибон барои фаъолияти дубораи занон
Як моҳ пас аз тасмими ҷанҷолии Толибон дар бораи ҷилавгирӣ аз ҳамкории занони Афғонистон бо марокизи ғайри давлатӣ, хабарҳои дарёфти аз таҷдиди назар дар ин тасмим ҳикоят дорад.
Вазорати иқтиисоди ҳукумати Толибони Афғонистон 24-уми декабри гузашта ба баҳонаи риояти нашудани ҳиҷоб, ҳамкории занон бо марокизи ғайри давлатиро эълом кард: Тасмиме, ки бо эътирози дохилӣ ва хориҷи ҳамроҳ шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон, бо вуҷӯди ин тасмим, чанд рӯзи пеш се марокизи ғайри давлатии Афғонистон фаъолияти худро ба шакли ҷузъи бо ҳузӯри кормандони зан аз сар гирифтанд. Созмони "Кӯдаконро наҷот диҳед" ҳам дар баёнияе аз саргирии фаъолиятҳои худ дар ҳавзаи беҳдошт хабар дод.
Мира Сайдраҳмон, як корманди зани масъул дар Кумитаи байналмиллалии наҷот ҳам ба хабаргузории Фаронса гуфт: Фаъолиятҳое дар ҳавзаи беҳдошт дар чаҳор минтақаро бо кормандони зан аз сар гирифтаем.
Бар асоси эъломи Вазорати ҳукумати Толибон, ҳудуди як ҳазору 260 наҳоди ғайри давлатӣ дар ин кишвар фаъолият доранд ва ҳазорон корманди зан дар муносиби муҳим дар барномаҳои имдодрасонии ғизо ва дар ҳавзаҳои беҳдошт ва омӯзиш фаъолият доранд.
Ин Созмон эълом кард, ки масъулони марбут тазминҳои рушан ва мутмаъине дарёфт кардем мабни бар ин, ки кормандони хонуми мо дар амният хоҳанд буд ва метавонад бидуни ҳеҷ монеъ ба фаъолият бипардозанд.