Январ 28, 2023 19:54 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон кормандони Созмони энержии атомии Маҷористонро омӯзиш медиҳад

Вазорати энержии Қазоқистону вазорати фарҳанг ва навоварии Маҷористон дар мавриди омӯзиши кормандони Созмони энержии атомии Маҷористон бо якдигар тавофуқ карданд.

Мақомоти Қазоқистону Маҷористони тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаи омӯзиши кормандони Созмони энержии атомии Маҷористон имзо карданд.

Вазорати энержии Қазоқистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ин тавофуқнома дар чорчӯби ҳаштумин иҷлоси Камиссиони байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодии Қазоқистону Маҷористон дар шаҳри Будапешт ба имзо расид.

Ҳадаф аз имзои ин санад, эҷоди ҳамкории тӯлонимуддат барои омӯзиши ҳирфаии кадрҳои маҳаллӣ барои истифодаи сулҳомези энержии атомӣ дар Маҷористон, эълом шудааст.

Дар чорчӯби ин тафоҳумнома таҳияи барномаҳои дарсӣ ва омӯзиши кормандон барои баҳрабардорӣ ва нигаҳдории нерӯгоҳҳои ҳастаӣ, эминии ҳастаӣ ва ташаъшуъ, физики реактор, мудирияти фанноварии ҳастаӣ, санъати ҳастаӣ ва ҳамчунин соири заминаҳои истифодаи сулҳомез аз энержии атомӣ, барномарезӣ шудааст.

 

Барчасп