Феврал 05, 2023 11:58 Asia/Dushanbe
  • Аввалин сафари расмии вазири хориҷаи Қазоқистон ба Баҳрайн
    Аввалин сафари расмии вазири хориҷаи Қазоқистон ба Баҳрайн

Вазир корҳои хориҷаи Қазоқистон барои аввалин бор дар таърихи равобити дуҷониба ба Баҳрай сафар ва бо мақомоти мухталифи ин кишвар дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мухтор Тлеуберди, вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон дар чорчуби як сафари расми аз Баҳрайн боздид ва бо Ҳамад ибни Исо Ал Халифа, подшоҳ ва дигар мақомоти аршади ин кишвар дидору гуфтугу кард.

Дар ин дидор вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон тарафи муқобилро бо марҳалаи ҷадиди навсозии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвараш ошно кард. Подшоҳи Баҳрайн ба навбаи худ суръати рушди замонавии Қазоқистонро арзёби ва аз ислоҳоти раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳимоят кард.

Ду тараф бо дар назар гирифтани рушди таъомулоти сиёсии Қазоқистон ва Баҳрайн бар аҳамияти идомаи гуфтугу дар болотарин сатҳ ишора ва бо ҳадафи густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ дар мавриди анҷоми талошҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти ҳамлунақл ва луҷестики тавофуқ карданд.

Дар музокирот раиси ниҳоди дипломатики Қазоқистон бо Холид ибни Абдуллоҳ Ал Халифа, муъовини нахуствазири Баҳрайн масирҳои таъмиқи равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф барраси шуд.

Ду тараф дар мавриди эҷоди шурои бозаргонии Қазоқистон ва Баҳрайн ба манзури эҷоди иртиботи мустақим байни тоҷирон ва шиносоӣ заминаҳои умедворкунандаи ҳамкори тавофуқ карданд.

Барчасп