Фардо чаҳоршанбе дар Афғонистон таътили умури эълом шуд
(last modified Tue, 14 Feb 2023 12:53:54 GMT )
Феврал 14, 2023 17:53 Asia/Dushanbe
  • Фардо чаҳоршанбе дар Афғонистон таътили умури эълом шуд
    Фардо чаҳоршанбе дар Афғонистон таътили умури эълом шуд

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон фардо чаҳоршанбе солрузи шикасти артиши сурхи Шуравиро дар ин кишвар таътили умуми эълом кард.

Низомиёни Иттиҳоди Шӯравӣ пас аз даҳ сол ҷанг 26 баҳмани соли 1367 аз Афғонистон хориҷ шуданд ин ҷанг миллионҳо кушта, захми ва овора барҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Садои Афғон Вазорати кор ва умури иҷтимоъӣ ҳукумати Толибон имруз сешанбе дар баёнияи эълом кард: Фардо чаҳоршанбе ба муносибати солрузи шикасти артиши сурхи Шуравӣ дар баробари муқовимати мардуми Афғонистон дар саросари кишвар таътили умуми аст.

Дар чунин рузи сарбозони Шуравӣ, ки дар соли 1358 ҳиҷри шамси хоки Афғонистонро мавриди тавҷовуз қарор дода буданд саранҷом дар асари ҷиҳод ва муқовимати мардуми мусалмони Афғонисон 26 баҳманмоҳи соли 1367 хуршеди аз кишвар хориҷ шуданд.