28 миллиард доллар ҳаҷми мубодилоти тиҷории Қазоқистон бо Иттиҳоди АвруОсиё
(last modified Thu, 16 Feb 2023 05:17:34 GMT )
Феврал 16, 2023 10:17 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон ба арзиши 9. 7 миллиард доллар содирот доштааст
    Қазоқистон ба арзиши 9. 7 миллиард доллар содирот доштааст

Дар соли 2022 ҳаҷми мубодилоти тиҷории Қазоқистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 6.5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар соли гузаштаи мелодӣ ҳаҷми мубодилоти тиҷории Қазоқистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар қиёс бо як соли қабл 6.5 дарсад афзоиш ёфта ва ба 28. 3 миллиард доллар расидааст.

Бинобар иттилоияи идораи миллии омори Қазоқистон, тайи моҳҳои январ - декабри 2022 Қазоқистон ба арзиши 9. 7 миллиард доллар содирот доштааст, ки баёнгари рушди 24. 3 дарсадӣ аст.

Воридот 18. 6 миллиард долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо як соли пеш фақат 0. 9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Шоёни зикр аст, ки 92. 3 дарсад аз ҳаҷми мубодилаи тиҷории Қазоқистон бо аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба Русия тааллуқ гирифта, саҳми Қирғизистон 4 дарсад, Беларус 3. 6 дарсад ва Арманистон 0. 1 дарсад аст.