Ҳамкории СММ ва Туркманистон дар ҳифз ва мудирияти манобеи дарёи Арал
Барномаи тавсеаи Созмони милал дар Туркманистон мизгирде дар мавриди ҳифз ва мудирияти пойдори манобеи замин дар ҳавзиа дарёи Арал баргузор кард.
Ҳадаф аз баргузории ин мизигирд ташкил коргуруҳи маҳаллӣ аст, ки дар ҳалли масоили фаннӣ, созмонӣ ва соири мавориди муртабит бо иҷрои тарҳ кумаки бештаре хоҳад кард.
Ин мизигирд дар чорчуби тарҳи «ҳифозат ва мудирияти пойдори манобеи замин ва экосистемаҳои бо арзиши табиии боло дар ҳавзаи дарёи Арал бо манофеи чандгона» , ки тавассути Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамкории вазорати кишоварзӣ ва ҳифозати муҳити зист иҷро мешавад, баргузор шуд.
Ин тарҳ тавассути Тасҳилоти ҷаҳонии муҳити зист (GEF) таъмин мешавад. Ҳадафи он ҷилавгирӣ аз тахриби замин, эҳё ва беҳбуди истифода аз манобеи обӣ ва заминӣ дар минтақаи дарёи Арал аст.