Арабистон дар Самарқанд ва Тошканд неругоҳи хурешди месозад
Арабистони Саъудӣ дар вилоятҳои Самарқанд ва Тошканд неругоҳи хуршеди бо зарфияти 1400 мегават ва ботриҳои захираи барқ бо зарфияти 1200 мегават месозад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Арабистони Саъудӣ дар вилоятҳои Самарқанд ва Тошканд неругоҳҳои хуршеди бо зарфияти кулли 1400 мегавати ва ботриҳои захираи барқ бо зарфияти 1200 мегават эҳтдос мекунад.
Маросими оғози сохти нергуҳои хуршеди бо зарфияти 400 мегавати дар шаҳри Тошканд дар баргузор шуд.
Бар асоси тавофуқоти бадаст омада ширкати саъудӣ "ACWA Power" корҳои тароҳи, таъмини молӣ, сохт ва баҳрабардори ба муддати 25 сол аз ин неругоҳро анҷом хоҳад дод.
Ҳамчунин дар чорчуби ин маросим қарордодҳои сармоягузор байни Вазорати сармоягузори, саноат ва тиҷорати Узбакистон ва "ACWA Power" барои сохти неругоҳҳои хуршеди бо зарфияти 1000 мегават дар вилояти Самарқанд 400 мегавад дар шаҳри Тошканд ва як ботри захираи барқ бо зарфияти 1200 мегават имзо шуд.
Арабистони Саъудӣ истиқлолияти Узбакистонро 30 декабри соли 1991 ба расмият шинохт.