Афзоиши дубаробарии теъдоди парвозҳои Узбакистон ва Қазоқисон
(last modified Tue, 07 Mar 2023 14:12:12 GMT )
Март 07, 2023 19:12 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дубаробарии теъдоди парвозҳои Узбакистон ва Қазоқисон
    Афзоиши дубаробарии теъдоди парвозҳои Узбакистон ва Қазоқисон

Узбакистон ва Қазоқистон бо ҳадафи густариши ҳамкориҳо дар бораи афзоиши дубаробарии парвозҳо миёни ду кишвар ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Толғот Лостоев раиси кумитаи ҳавопаймоӣ шаҳрвандии Қазоқистон ва Ҷасурбек Чориев муоини вазири ҳамлунақли Узбакистон бар афзоиши дубаробарии теъдоди парвозҳои ду кишвар тавофуқ карданд.

Бар асоси ин гузориш дар дидори раиси кумитаи ҳавопаймоӣ шаҳрвандии Қазоқистон ва муовини вазири ҳамлунақли Узбакистон дар бораи афзоиши парвозҳои масири Остона-Тошканд аз 12 то 36 парвоз ва Алмато-Тошканд аз 20 ба 36 парвоз ва дар масирҳои дигар то 4 парвоз дар ҳафта тавофуқ шуд.

Ҳамчунин дар ин дидор бо ҳадафи рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ бар коҳиши нархи билетҳои ҳавопаймо дар ҳамаи масирҳо қарордоди байни Қазоқистон ва Узбакистон таъкид шуд.

Лостоев раиси кумитаи ҳавопаймоӣ шаҳрвандии Қазоқистон дар дидор бо Чориев муовини вазири ҳамлунақли Узбакистон аз роҳандозии парвозҳои мустақим ба Самарқанд, Фарғона, Бухоро ва Қарши низ хабар дод.