Март 08, 2023 20:29 Asia/Dushanbe
  • Баррасии авзои Афғонистон
    Баррасии авзои Афғонистон

Нахустин нишасти намояндагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ҳадафи баррасии авзои ин кишвар, дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин нишаст, ки дирӯз (сешанбе) бо суханронии Исматуллоҳ Иргашев, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар Афғонистон, дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ шуд, намояндагони Узбакистон, Эрон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон дар ин нишаст авзои Афғонистон, масоили ҳамкориҳои мутақобили тарафайн барои ҳаллу фасли авзои ин кишвар ва барқарории сулҳу суботи дарозмуддатро баррасӣ карданд.

 

Барчасп