Душанбе мизбони панҷумин нишасти машваратии сарони Осиёи Марказӣ
(last modified Fri, 17 Mar 2023 16:47:12 GMT )
Март 17, 2023 21:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ
    Ҳамкории Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Тоҷикистон эълом кард, панҷумин нишасти машваратии сарони Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14 - 15 сентябри соли ҷории мелодӣ ба мизбонии Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 14 - 15 сентябри соли ҷории мелодӣ (23 - 24 шаҳривари 1402) ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст ҳамзамон бо ин нишаст, иҷлоси Шурои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии Наҷоти баҳри Арал низ доир шавад.

Дар ин ду нишаст ҳузури руасои ҷумҳурии 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар назар гирифта шудааст.

Давлати Тоҷикистон барои баргузории муносиби нишастҳои ёдшудаи раҳбарони минтақа омодагии ҳамаҷониба гирифта ва ба дастури раиси ҷумҳурии ин кишвар кумитаи тадорукотӣ ба раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон эҷод шудааст, ки шомили мақомоти ҳамаи вазоратхонаҳо ва идорот аст.

Илова бар он, ҳамчунин дар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ дабирхонаи ин ду нишаст фаъолият мекунад.