Барқарории равобити дипломоти байни Туркманистон ва Кения
Март 20, 2023 17:02 Asia/Dushanbe
Туркманистон ва Кения бо имзои баёнияи муштарак иқдом ба барқарории равобити дипломоти карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар маҳали намояндагии доими Туркманистон дар Созмони Милал дар Ню-Йорк маросими имзои баёнияи муштарак дар хусуси барқарории равобити дипломатик миёни ин кишвар ва Кения баргузор шуд.
Ин баёния аз суи Оқсултон Атоева, намояндаи Туркманистон ва Мортин Кимони, намояндаи доими Кения дар Созмони Милал ба имзо расид.
Атоева ва Кимони алоқамандии мутақобил нисбат ба рушди равобити дипломатик ҳамчунин бар густариши мушорикати сиёсӣ, тиҷорӣ, иқисодӣ, фарҳангӣ ва башардустона дар қолаби дуҷониба ва дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ таъкид карданд.
Барчасп