-
Сафари Назарбоев ба Туркия
Август 05, 2016 15:13Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон имрӯз барои дидор ва гуфтугӯ бо ҳамтои туркияии худ вориди Анкара шуд.
-
Тарҳи Путин барои ҳазфи доллар аз муомилоти кишварҳои муштаракулманофеъ
Август 04, 2016 15:34Раисиҷумҳури Русияи тарҳи қонунеро ба Думои давлатии ин кишвар пешниҳод кард, ки бар тибқи он кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ бояд аз муомила бо доллари Амрико худдорӣ кунанд.
-
Кӯмаки 15 миллион долларии Вашингтон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ
Август 04, 2016 13:12Вазири хориҷаи Амрико дар нишасти муштараки худ бо вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Вашингтон, аз кӯмаки 15 миллион долларии ин кишвар барои иҷрои 5 тарҳ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.
-
Амрико Афғонистонро дарвозаи вуруд ба Осиёи Марказӣ медонад
Август 04, 2016 05:18Нашрияи русии "Коммерсант" таъкид кардааст, ки Амрико ба баҳонаи баргузор кардани дидори Ҷон Керри бо панҷ ҳамтои худ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, ки ба унвони музокироти C5+1 дар Вашингтон доир шуд, қасд дорад, аз Афғонистон ба унвони дарвозаи вуруд ба Осиёи Марказӣ истифода кунад.
-
Қодир Маликов: Ҳадафи баъдии ДИИШ Осиёи Миёна ва Қирғизистон аст
Август 03, 2016 12:43Коршиноси масоили динии Қирғизистон бо ишора ба шикастҳои ахири ДИИШ дар Сурия, ҳадафи баъдии ин гурӯҳро кишварҳои Осиёи Миёна унвон кард.
-
Ҳузури 600 шаҳрванди Қирғизистон дар Сурия ва Ироқ
Август 03, 2016 04:59Сухангуи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, 600 шаҳрванди ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки аз ин теъдод 70 тан кушта шудаанд.
-
Сафари вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Вашингтон
Август 02, 2016 10:03Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Амрико фардо дар дидор бо панҷ ҳамтои худ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон, ки бо унвони музокироти C5+1 дар Вашингтон баргузор мешавад, дар хусуси масоили мухталифи амнияти минтақаӣ ва иқтисодӣ баҳсу табодули назар хоҳад кард.
-
Отамбоев: Эҳтимоли кудатои тарафдорони Гулен дар Қирғизистон вуҷуд надорад
Август 02, 2016 09:39Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон эҳтимоли кудато дар ин кишвар аз сӯйи тарафдорони Гуленро беасос дониста ва гуфтааст, ки мадорис ва муассисоти таҳти ҳимояти Фатҳуллоҳ Гулен дар Қирғизистон ҳеч гуна тахаллуфе надоштаанд.
-
Вазири дифои Русия вориди Қазоқистон шуд
Август 02, 2016 08:24Вазири дифои Русия бо ҳадафи баррасии авзои минтақаӣ ва тазмини амнияти хутути марзӣ ба Остона сафар кардааст ва ба зудӣ бо ҳамтои қазоқистониаш дидор мекунад.
-
Набуди иродаи сиёсӣ идомаи ихтилоф бар сари об дар Осиёи Марказӣ
Август 01, 2016 05:40Иқтисоддони қирғиз бо интишори матлабе гуфтааст, ки миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва 3 ҷумҳурии масрафкунандаи умдаи оби ду рудхонаи бузурги Аму ва Сир яъне Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон тафоҳум ва ҳамкорӣ дар мавриди наҳваи баҳрагирӣ аз манобеи оби минтақа вуҷуд надорад.