Июн 03, 2023 11:54 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии раҳбарони Осиёи марказӣ аз табдили Афғонистон ба маркази парвариши террористҳои байналмиллалӣ

Дуюмин нишасти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи марказӣ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Чулпон ото дар Қирғизистон баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин нишаст ба мизбонии Содир Ҷабборов-раиси Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд.
Ширкаткунандагон дар ин нишаст ҳамкориҳои чандҷониба
ву дуҷонибаи сӯдманди байни Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи марказиро аз замони нишасти ифтитоҳияи соли гузашта дар Остона баррасӣ карданд ва равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи марказиро дар чорчӯби таҳаввулоти байналмилалии мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Онҳо бар таъаҳҳуди худ барои идомаи гуфтугуҳои сатҳи боло дар сатҳи сарони кишварҳо ва Иттиҳодияи Аврупо ва тавсеаи мушорикат дар ростои ҳавзаҳои авлавиятбандишудаи байни тарафҳо бо ҳадафи муштараки рифоҳу шукӯфоӣ ва амнияти Осиёи марказӣ таъкид карданд .
Раҳбарон ҳамчунин нигаронии муштараки худро дар мавриди вазъияти рӯ ба вахомат дар Афғонистон баён карданд ва таъаҳҳуди худро барои тавсеаи Афғонистону табдилаш ба як кишвари амн, сулҳомез,босабот ва мураффаҳ муҷаддадан таъкид карданд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп