Декабр 23, 2023 12:08 Asia/Dushanbe
  • Оғози барномаҳои солрузи шаҳодати ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ ал-Муҳандис дар Ироқ

Раиси созмони Ҳашдуш-шаъби аз оғози барномаҳои солрузи шаҳодати ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ ал-Муҳандис ба унвони фармондеҳони пирӯзӣ бар гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ хабар дод.

Ба гузориши рӯзи шанбе Мидл Ист ниюс, Фолеҳ ал-Фаёз-раиси созмони Ҳашдуш-шаъби  дар маросими донишҷӯие оғози маросими солрузи шаҳодати ҳоҷӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис ва сардор, ҳоҷӣ Қосим Сулаймониро эълом кард.

Ал-Фаёз гуфт : Абумаҳдӣ ал-Муҳандис шахсияте буд, ки ба дур аз дурӯғпардозиҳои расонаӣ ба як намод табдил шуда ва хуни вай ҳамеша пирӯз ва шамшери ҷаллод ҳамеша шикаста хоҳад монд.

 Вай хитоб ба ҳозирон афзуд: Аҳд мебандем, ки Ҳашдуш-шаъби  бо Шумо хоҳад буд ва дар ҳар замон ва маконе, ки барои хидмат лозим бошад бидуни таъхир ҳузур хоҳад дошт.

  Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ва ҳоҷӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис, сардорони пирӯзӣ бар терроризм дар 3 январи 2020 дар ҳамлаи террористии артиши Амрико ба наздики фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп