Феврал 29, 2024 13:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳания: Ҳамос бо вуҷуди омодаги дар набард, дар музокирот мунъатиф аст
    Ҳания: Ҳамос бо вуҷуди омодаги дар набард, дар музокирот мунъатиф аст

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломӣ Фаластин гуфт: Ҳамос бо вуҷуди омодагии дар набард, дар музокирот бо Исроил инъитоф дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин гуфт: Ҳамос дар музокирот бо Исроил дорад инъитоф нишон медиҳад ва ҳам замони омодаи идомаи набард аст.

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ дар ҳоли иртикоби ҳавлноктарин ҷиноятҳо аз ҷумла куштор, овора кардани мардум, шиканҷа, гуруснагӣ ва наслкуши аст таъкид кард: Ҷаҳон ва ба вижаи кишварҳои арабӣ бояд бо душмани муқобила ва таҷовузоташро маҳор кунанд.

Ҳаният таъкид кард: Муқовимат тарҳҳои душман барои кучондани фаластиниён аз борикаи Ғазза ва шимоли онро ноком гузошт ва ҳануз 700 ҳазор нафар аз фаластиниён дар ин манотиқ собит ва пойдор ҳастанд.

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластини таъкид кард: Муқовимат амонатдори фидокориҳо ва ҷонфишониҳои миллат то берун рондани ишғолгарон хоҳад буд ва ба усули миллату уммати пойбанд хоҳад монад.

Ҳания бо баёни ин ки таҳдиди душман ба иртикоби ҷиноётии тоза дар Рафаҳ баёнгари хуйи ҷинояткоронаи душмани саҳюнистӣ аст таъкид кард: Ҷаҳон бояд бо таъмини пулҳои кумакии пойдор аз мардуми Ғазза дар баробари татеъаи гуруснагӣ ва қаҳти муҳофизат кунад.

Барчасп