Сентябр 29, 2016 19:38 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди фаластиниён бар идомаи муқовимат дар солгарди Интифозаи Алақсо

Хабарҳо аз таъкиди фаластиниҳо бар пайгирии интифоза ба унвони ягона роҳи расидан ба ормони Фаластин ҳикоят дорад.

Ин таъкидот, ки бо шонздаҳумин солгарди Интифозаи Алақсо ҳамзамон шудааст, аз ҷойгоҳи вижаи истодагӣ ва муқовимат дар миёни мардуми Фаластин ва поёиву пӯёии ин ҳаракати арзишманд дар миёни фаластиниҳо ҳикоят дорад.

Шонздаҳумин солгарди Интифозаи Алақсо дар ҳоле фаро расидааст, ки ин фароянди муқовамати мардуми Фаластин беш аз пеш мазлумияти ононро, ки бо дастони холӣ ба масоф бо режими ишғолгари Қудс рафтаанд, ба намоиш гузоштааст.

Рӯзи 28-уми сентябр Солрӯзи интифозаи дуввуми фаластиниён, маъруф ба "Интифозаи Алақсо" аст. Интифозае, ки шӯълаи онро Ориел Шарон, нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба Масҷидулақсо равшан кард.

Бетардид Интифозаи Қудс идомаи Интифозаи Алақсо ва Интифозаи санг ва ҳамаи муборизоти фаластиниён тайи чанд даҳаи ахир аст.

Дар 28-уми сентябри соли 2000-и мелодӣ Ориел Шарон аз сардамдорони режими саҳюнистӣ, бо пуштибонии шумори зиёде аз нерӯҳои амниятӣ ва низомии ин режим, дар як иқдоми таҳрикомез вориди Масҷидулақсо шуд. Ин иқдоми густохонаи саҳюнистҳо дар беэҳтиромии Масҷидулақсо хашми мардуми Фаластинро барангехт ва онон бо нерӯҳои полиси саҳюнистӣ даргир шуданд, ки дар ҷараёни он 13 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Масҷидулақсо, ки як макони муқаддаси исломӣ ва нахустин қиблагоҳи мусулмонон аст, аз қадосат ва ҷойгоҳи вижае дар назди мусулмонон, ба вижа фаластиниён бархурдор аст ва фаластиниён ва мусулмонони ҷаҳон бо ҳассосияти хосе масоили марбут ба онро пайгирӣ мекунанд.

Вокунишҳои фаластиниҳо дар баробари иқдомоти султаҷуёнаи режими саҳюнистӣ дар Байтулмуқаддас ва иқдомоти таҳрикомези саҳюнистҳо дар қиболи Масҷидулақсо нишондиҳандаи ҳассосияти фаластиниҳо ба мавзӯи Қудс ва талошҳои онон ҷиҳати посдорӣ аз ин макони муқаддаси исломӣ аст.

Интифозаи Алақсо, марҳилаи пас аз интифозаи нахусти мардуми Фаластин, ки дар соли 1987 оғоз шуд, маҳсуб мешавад ва яке аз абъоди Интифозаи Алақсо, ки аз соли 2000-и мелодӣ оғоз шуд, ҷанбаи байналмилалӣ додан ба Интифозаи мардуми Фаластин будааст.

Интифозаи дуввуми фаластиниён, ки Интифозаи Алақсо ном гирифтааст, амалан режими саҳюнистиро дар пайгирии аҳдофаш мабнӣ бар тасбити мавқеияташ дар сарзамини ишғолии Фаластин ноком гузошт ва барои аввалин бор ин режимро ба ақибнишинӣ аз бахше аз манотиқи ишғолии Фаластин, яъне Ғазза дар соли 2005 водор кард.

Мардуми Фаластин ҳамвора нишон додаанд, ки ҳеҷ гоҳ намегузоранд сиёсатҳои режими саҳюнистӣ ҷиҳати сайтара бар манотиқи фаластинӣ, аз ҷумла Байтулмуқаддас амалӣ шавад. Оғози Интифозаи Алақсо дар соли 2000-и мелодӣ, ки дар вокуниш ба иқдомоти мақомоти режими саҳюнистӣ дар беэҳтиромӣ ба Масҷидулақсо сурат гирифт , нишондиҳандаи чунин воқеияте аст. Идомаи интифоза алайҳи сиёсатҳои режими саҳюнистӣ дар Қудс баёнгари азми мардуми Фаластин дар ҳимоят аз муқаддасоти исломӣ ва иҷрои ормонашон мабнӣ бар ташкили кишвари мустақили Фаластин ба пойтахтии Қудс аст.

Раванди таҳаввулоти Фаластин низ нишон додааст, ки муқовимати мардуми Фаластин на танҳо мутаваққиф шуданӣ нест, балки марҳила ба марҳила абъоди густурдатаре ёфтааст. Дар ин чорчӯб интифозаи мардуми Фаластин аз сентябри соли 2000-и мелодӣ амалан вориди марҳилаи дигаре аз пойдорӣ дар баробари саҳюнистҳо таҳти унвони Интифозаи дуввум ё Интифозаи Алақсо шуд. Ин дар ҳоле аст, ки Интифозаи Алақсо бистарсози марҳилаи дигаре аз интифоза шудааст ва хабарҳо аз муҳайё шудани фаластиниён дар як соли гузашта барои марҳилаи дигаре аз интифоза ҳикоят дорад. Дар ин замина фаластиниён борҳо таъкид кардаанд, ки шаклгирии интифозаи саввуми Фаластин амре қатъӣ аст ва шавоҳиди мавҷуд низ аз оғози мароҳили муқаддамотии он ҳикоят дорад ва ташдиди муқовимати мардуми Фаластин дар моҳҳои ахир аз нишонаҳои вуруди интифоза ба марҳилаи дигаре аз муқовимати зидди саҳюнистӣ таҳти унвони "Интифозаи ҷадиди Қудс" аст.