Декабр 30, 2022 17:55 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Фаластиниҳо агар муттаҳид ва якпорча шаванд, метавонанд ҳукумати ростгарои исроилиро муҳосира кунанд\"

Дабири Кумитаи марказии ҷумбиши фаластинии «Фатҳ» бар зарурати ваҳдати фаластиниҳо ба манзури муқобила бо ҳукумати ростгарои режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Порлумони режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе ба кабинаи Натанёҳу, муташаккил аз аҳзоби ростгарову миллигарои ифротӣ ва аҳзоби яҳудии ортодокс раъй дод.

Ба гузориши шабакаи телевизионии «Алмаёдин», Ҷибрил Руҷуб, дабири Кумитаи марказии ҷумбиши «Фатҳ» рӯзи ҷумъа дар маросиме ба муносибати панҷоҳуҳаштумин солрӯзи таъсиси ин ҷумбиш гуфт: Фаластиниҳо агар муттаҳид ва якпорча шаванд, қодир хоҳанд буд бо ҳукумати ростгарои исроилӣ муқобила ва ин ҳукуматро муҳосира кунанд.

Ҷибрил Руҷуб афзуд: Муътақидам, ки ин ҳукумат дар ҳоли тақобул бо ҳама ҷаҳон аст, агар бидонем барои даргирӣ ба чӣ чизҳое ниёзмандем, беҳтар хоҳем тавонист бо он муқобила кунем.

 

Барчасп