Январ 04, 2023 16:04 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил/ 7 сол пас аз эъдоми Шайх Намр; Оли Сауд ҳамчунон гардан мезанад

Ҳафтсол аз эъдоми Шайх Намр Боқир Ал Намр, рӯҳонии барҷастаи Арабистон тавассути давлати Саудӣ мегузарад.

Шайх Намр, рӯҳонии барҷастаи минтақаи Қатиф дар шарқи Арабистони Саудӣ буд, ки бо ҳимоят аз тазоҳуроти мусолиматомези мардуми ин минтақа, хостори поёни табъиз алайҳи шиъёну ислоҳот дар низоми сиёсии Арабистон шуда буд. Давлати Саудӣ аз иқдоми Шайх Намр дар ҳимоят аз тазоҳуроти мардум, хашмгин буду рӯзи ҳаштуми июли 2012 бо хушунат вайро боздошт карданд. Пас аз гузашти як сол аз боздошташ, давлати Арабистон вайро бидуни иттилоъи хонаводааш муҳокима кард ва шайх Намр ба ҳамроҳи 46 нафар ба эъдом маҳкӯм шуд. Шайх Намр дар дувуми январи 2016 ба иттиҳоми «иқдом алайҳи амнияти миллӣ» ҳамроҳ бо 46 нафари дигар эъдом шуду мақомоти Саудӣ аз таҳвили пайкари ӯ низ ба хонаводааш худдорӣ карданд.

Эъдом шайх Намр яке аз нишонаҳои хашин будани беш аз андозаи низоми сиёсии Арабистон Саудӣ аст. Ин рӯҳонии барҷастаи шиа на танҳо ҳеҷ иқдоми мусаллаҳонае алайҳи низоми ҳокими Арабистон анҷом надод, балки сирфан аз тазоҳуроти мусолиматомези мардум ҳимоят кард. Ба таъбири Саидҳасан Насруллоҳ «мушкили шайх Намр ин буд, ки фарёди ҳақхоҳӣ баровард. Инсоне бисёр шуҷоъ буд. Бо қудрат сухан мегуфт. Инсоне ислоҳталаб буду ҳуқуқи мардуми ҷазирҳои аъробро мутолиба мекарду хостори озодиҳои табиӣ буд, ки ҳар инсоне дар ҳар ҷои ҷаҳон онҳоро мутолиба мекунад.»

Эъдом шайх Намр ба ҳадде ноодилона буд, ки ҳатто муттаҳидони Арабистон низ иқдоми Саудиро ғайриақлонӣ зикр карда буданд. Ҳилларӣ Клинтон, ки дар он бурҳа номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико аз сӯи демократҳо буд, гуфта буд« фикр намекунам онҳо тасмими ҳӯшмандонае иттихоз карданд.» Андешкдаи «дифо аз демокрасиҳо» низ дар гузорише перомуни «абъоди эъдоми шайх Намру таъсири он бар авзоъи минтақа» навишта буд: «эъдоми шайх Намр саркӯб аз ҷинси як низом истибдодӣ будааст то мубориза алайҳи аъмоли харобкорона.» Ҳамчунин рӯзномаи олмонии Белад дар титри аввали худ дар фардои пас аз эъдоми шайх Намр навишт: «Арабистони Саудӣ чизе ҷуз нафт, хурмо ва терроризм барои ҷаҳон надорад.»

7 сол пас аз шаҳодати шайх Намр, ҷиноятҳои Саудӣ алайҳи мардуми Арабистон ва ба хусӯси шиаёни ин кишвар шиддат низ пайдо кард. Теъдоди эъдомҳо дар Арабистон дар соли 2022 нисбат ба соли гузашта 2 баробар шудааст. Танҳо дар рӯзи 12 марти 2022 масъулони арабистонӣ 81 нафарро эъдом карданд, ки бузургтарин эъдоми дастаҷамъӣ дар таърихи ин кишвар буд. Ниме аз қурбониёни ҷинояти Арабистон дар эъдоми ҷамъӣ 81 нафар, аз шиаён буданд, ки миёни онҳо афроде дида мешуданд, ки ҳангоми боздошти зери сини қонӯнӣ қарор доштанд. Ин афрод на дар додгоҳи расмӣ муҳокима шуданд ва на вакиле барои дифо аз худ доштанд.

Бидуни шак, ончӣ Оли Саудро барои тадовуми гардан задан бо шамшир ҷасур карда, сукути тавам ба ҳимояти қудратҳои ғарбист. Барои мисол , 81 нафар дар марти 2022 дар ҳоле эъдом шуданд, ки Ғарб саргарми буҳрони Украина ва розӣ кардани Риёз ба афзоиши тавлиди нафт буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳимояту сукут, на танҳо наметавон шоҳиди поёни хушунату саркӯби низоми Арабистони Саудӣ алайҳи шаҳрвандони ин кишвар ва бавижа шиаён буд, балки метавон интизори эъдомҳои дастаҷамъии дигарро низ дошт.

 

Барчасп