Март 01, 2023 10:34 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти Эътилофи саудӣ ба Ал Ҳудайдаи Яман

Эътилофи саудӣ дар 24 соати гузашта 151 бор оташбасро дар устони Ал Ҳудайдаи Яман нақз кард.

Утоқи амалиёти артиш ва кумитаҳои мардумии Яман рӯзи сешанбе эълом кард, ки ин нақзҳо шомили парвози паҳподи ҷосусӣ дар осмони минтақаи Ҳис, 61 бор ҳамалоти тӯпхонаӣ ва 89 бор шиллик бо силоҳҳои мухталиф аз таҷовузҳои расад шуда дар 24 соати гузашта дар устони Ал Ҳудайда будааст.

Оташбаси мавриди тавофуқ дар Шветсия миёни ҳайати эъзомӣ аз Санъо ва ҳайати Риёз аз 18 декабри 2018 дар устони Ал Ҳудайда, ғарби Яман оғоз шуда, аммо Эътилофи саудӣ ҳар рӯз онро нақз мекунад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз март 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп